ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ” МУҲТАРАМ ДАЛЕР САТОРӢ АБДУМАНСУР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ваҳдат, Истиқлолият ва ҳувияти миллӣ ин арзишҳое мебошанд, ки дар заминаи ормонҳои миллӣ ба вуҷуд омада, аз ҳар фарди кишвар матиниродагиву дурандешӣ, ватандӯстию посдорӣ, қадршиносӣ ва арҷгузории арзишҳои миллиро талаб менамояд. Ин неъматҳои бебаҳо арзишҳое бузурге дорад, ки ҳама халқу миллат ва давлатҳо дар ҳама давру замон ба онҳо ниёз доранд.
Ин падидаи писандида танҳо ба халқу миллате сазовор мешавад, ки дорои ҳуввияти баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва хештандӯстӣ буда, якдиливу ягонагӣ ва сарҷамъиро дар замири худ мепарваранд.
Ваҳдати миллӣ волотарин сайри такомули иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию маънавии ҳар як халқу миллат ба ҳисоб рафта, дар заминаи арзишҳо ва унсурҳои муштараки фарҳангӣ ва ормонҳои ягонаи миллӣ-давлатӣ ба вуҷуд меояд.
Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имрӯз барои мо, ки Истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва боиси ифтихор аст. Ин неъмати арзишманд маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, он мавриди таваҷҷӯҳи оламиён қарор гирифтааст.
Ин санади муқаддасу тақдирсоз чун чароғи фурӯзони роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар карда, ҳар фарди ин ватани биҳиштосоро вазифадор менамояд, ки ин неъмати бузургро ҳамеша мисли гавҳараки ҷашм дӯст ва ҳифз намоянд.
Миллати шарафманди бонангу номус ва сарбаланди Тоҷикистони азиз бо тамоми ҳастии бепоён дарк менамоянд, ки ваҳдат, сулҳу субот тинҷиву оромии кишвар муқаддастарину азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, кафолати ҳаёти шоистаи ҳамарӯза инсоният мебошад.
Бигзор осмони Тоҷикистони азиз таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софу беғубор, дар сарзамини куҳанбунёдамон сулҳу ваҳдат, субботу оромӣ, якдигарфаҳмӣ, файзу баракат ва хушбахтиву осудаҳолӣ то абад поянда бошад.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи Шумо шаҳрвандони кишварро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирӯзӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон суботу оромии ҷовидонаро таманно менамоям.