Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪИЯТӢ ОИД БА ОҒОЗИ СОХТМОНИ МАРКАЗИ АГРОЛОГИСТИКӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аҳолиро бо озуқаворӣ, саноатро бо ашёи хом ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардумро таъмин менамояд.

Санаи 13 июни соли ҷорӣ мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо иштироки шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, истиқоматкунандагони маҳаллаҳои гирду атрофи иншооти корӣ ва кормандони ширкати сохтмонии “Термо — динамика” ки ба сохтмони маркази агрологистикӣ ҷалб гардидаанд ҷаласаи ҷамъиятӣ баргузор карда шуд.

Ҷаласаро сардори Раёсати сармоягузорӣ ва амволи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов оғоз намуда, ҷиҳати бунёди сохтмони маркази агрологистикӣ дар минтиқаи озоди иқтисодии вилоят суханронӣ намуда иброз дошт, ки шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят омодаанд барои сари вақт бунёд намудани маркази агрологистикӣ дастгирӣ намоянд.

Сипас мутахассиси масоили иҷтимоии муассиса Раъно Раҳматова оид ба дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, манфиати марказҳои агрологистикӣ ба аҳолии кишвар таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои кори доимӣ, ва ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафҳои лоиҳа бо дарназардошти иҷроиши нақшаҳои дар пешистода, сари вақт бо технологияи муосир, сифати баланд ба анҷом расонидани иншооти мазкур суханронӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласа муҳандисони ширкати сохтмонии “Термо — динамика” ҷиҳати амалисозии нақшаи бунёди маркази агрологистикӣ аз оғози кор то ба анҷом расонидани ининшооти бузург тавассути рунамо баромадҳои пурмуҳтаво намуда, нақшаҳои кории худро пешкаши ҳозирин намуданд.

Ҳамчунин дар марҳилаи оғозёбии сафарбаркунии корҳо ҷиҳати иҷроиши нақшаи идоракунии муҳити зист бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳо, пешниҳодҳои тарафҳои манфиатдор, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, тибқи талаботҳои стандартҳои иҷтимоиву экологӣ Бонки ҷаҳонӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ, техникаи бехатарӣ, иҷроиши талаботу меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми баррасии арзу дархостҳо ва иҷроиши дигар Қонунҳои амалкунанда маълумотҳои муфассал пешкаш карда шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаҳои дарпешистода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ниммаи дуюми рӯз муҳандисон ва мутахассисони муассиса оид ба сафарбаркунии корҳо аз мавзеи иншооти мазкур дидан намуданд.

Loading

X