Хабарҳо 13.06.2025 ОБЁРИИ ЗАМИНҲО ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “БАЛАНД БАРДОШТАНИ УСТУВОРИИ КИШОВАРЗӢ” Имрӯзҳо Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати татбиқи лоиҳа нақшаҳои навро дар самтҳои гуногуни рушди соҳаи кишоварзӣ роҳандозӣ менамояд. Соли ҷорӣ аз ҷониби муассиса дар доираи лоиҳа барои обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи муассисаҳои илмии ниҳодҳои Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кандани 5 адад чоҳҳои амудӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 3-адади он пурра мавриди истифода қарор дода шуда, 2 адади он дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Ҳамчунин ҷиҳати таъмин намудани обҳои полезӣ барои хоҷагиҳои ниёзманди кишвар дар доираи лоиҳа боз якқатор кандани чоҳҳои амудӣ дар марҳилаи баҳодиҳии техникию иқтисодӣ ва таҳияи харҷномаҳо қарор дошта, дар назар аст, ки соли ҷорӣ корҳои сохтмонию барқарорсозӣ амалӣ карда мешавад. Айни ҳол кандани чоҳи амудӣ барои шодоб гардонии заминҳои филиали КВД «Навъҳои тухмӣ ва сабзавоти Точикистон» дар шаҳри Хуҷанд ва МД “Стансияи давлатии навъсанҷии зироатҳо кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои лалмӣ” дар ноҳияи Истаравшан ба анҷом расида, васлу насби, ноқилҳои ҳифозатшуда ба трансформатору ҳисобкунакҳои барқӣ, ва насоси чоҳ бо маром идома дошта, дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешавад. Мутахассисони муассиса аз рафти корҳои иҷрошуда дидан намуда, бо коргароне, ки ба корҳои васлу насби, ноқилҳо ҷалб гардидаанд оид ба риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ, беҳдоштиву санитарӣ ҷиҳати иҷроиши талаботҳои меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.