Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

МОНИТОРИНГИ РАФТИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҳафтаи ҷорӣ аз рафти корҳои мавсимии кишоварзони вилояти Хатлон (баҳрагирандагони лоиҳа) дидан намуданд.

Корҳои саҳроӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маром идома дошта, кишоварзон дастаҷамъона ҳама ба ҷамъоварии ҳосили пиёз, коркарди байни қаторҳои пахта, ҷуворимакка, нарм намудану аз алафҳои бегона тоза намудани зироатҳои гуногун ва обдиҳиву ғизодиҳӣ машғуланд.

Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ низ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” зиёда аз ҳашт номгӯи тухмиҳои хушсифату дорои сертификати ба шароити иқлим мутобиқ аз қабили гандум, картошка, пахта, пиёз, нахут, ҷуворимакка, зағер ва лаблабуи ошиву хӯроки чорворо ба якқатор хоҷагиҳои тухмипарвар, ниёзманд, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативии истеҳсолӣ ва дигар хоҷагиҳо дастрас гардида буд.

Кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) тавонистанд кишти ин гуна зироатҳоро сари вақт ба роҳ монда, бо риояи дурусти корҳои агротехникӣ нашъунамои онҳоро хуб намоянд.
Мутахассисони муассиса дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ, Дустӣ, Ҷайҳун ва Шаҳритус ҷамоатҳои “Садриддин”, “Холматов”, “Обшорон”, “Навоӣ”, “Максим Горкий” ва ғайраҳо дидан намуданд, ки дар саҳро нашъунамои ҳамагуна зироатҳо хуб буда, коркарди байни қаторҳо, ғизодиҳӣ, обмонӣ, чорабиниҳои муҳофизатӣ (мубориза бар зидди ҳашаротҳо) бо маром идома дошта, ҳама кишоварзон саргарми кор ҳастанд.

Онҳо алакай ҷамъоварии зироатҳои ғалладона махсусан гандум, сабзавотӣ, полезӣ ва меваҷотро оғоз намуда, бозорҳои дохилиро таъмин намуда, ба содирот нигаронида истодаанд.

Ҳамчунин аз ҷониби мутахассисони муассиса барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани зироатҳои пухтарасида ва дар майдони онҳо ба роҳ мондани кишти дигар зироатҳо тафсияҳои судманд пешниҳод намуданд.

Loading

X