Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪИЯТӢ ОИД БА ОҒОЗИ СОХТМОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Санаи 09 июни соли ҷорӣ муҳандисон ва мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо иштироки шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, истиқоматкунандагони маҳаллаҳои гирду атрофи иншооти корӣ ва кормандони ширкати сохтмонии ҶДММ “Абосиён” ки барои сохтмони гармхонаи муосир ҷалб гардидаанд ҷаласаи ҷамъиятӣ баргузор карда шуд.

Сараввал ҷаласаро муовини раиси ноҳияи Данғара Ҳабибзода Амонулло оғоз намуда, барои дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҷиҳати дастгирии пайвастаи кишоварзон бо техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ, тухмиҳои хушсифат, бунёди гармхонаи муосир ва дигар иншоотҳои зарурӣ изҳори сипос намуданд.

Сипас мутахассиси масоили иҷтимоии муассиса Раъно Раҳматова роҷеъ ба дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ, бунёд ва истифодаи самараноки гармхонаҳои муосир ва ҷиҳати татбиқи лоиҳа бо дарназардошти иҷроиши нозукиҳои кор ва сари вақт бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншооти мазкур суханронӣ намуд.

Дар рафти ҷаласа роҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ “Абосиён” ҷиҳати амалисозии нақшаи бунёди гармхонаи навъи сабук, ки бо тарҳи наву замонавӣ бо сифати баланд бунёд мегардад тавассути рунамо баромадҳои пурмуҳтаво намуда, нақшаҳои кории худро пешкаши ҳозирин кардонид.

Ҳамчунин аз ҷониби мутахассисони муассиса дар марҳилаи оғозёбии сафарбаркунии корҳо ҷиҳати иҷроиши нақшаи идоракунии муҳити зист бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳо, пешниҳодҳои тарафҳои манфиатдор, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, тибқи талаботҳои стандартҳои иҷтимоиву экологӣ Бонки ҷаҳонӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ, техникаи бехатарӣ, иҷроиши талаботу меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми баррасии арзу пешниҳодҳо ва иҷроиши дигар Қонунҳои амалкунанда маълумотҳои муфассал пешкаш карда шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти мақомот ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаҳои дарпешистода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ниммаи дуюми рӯз мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии муассиса дар якҷоягӣ бо ҳайати комиссия аз лавҳаҳои иттилоотӣ ва қуттии арзу пешниҳодҳо дар ноҳия дидан намуданд.

Loading

X