Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

БА АНҶОМ РАСОНИДАНИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР 11 ОЗМОИШГОҲОИ ХОКУ РАСТАНИИ ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯИ АИКТ

Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар замони шӯравӣ бунёд гардида, то инҷониб барои рушди соҳаи кишоварзӣ фаъолияти пурсамар дорад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”, дар марҳилаи аввал болопуши бинои асосӣ, толори маҷлисгоҳ, намои берунаи бинои Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ пурра таъмир гардида, соли ҷорӣ низ даромадгоҳу роҳравҳо ва боз 11 адад озмоишгоҳои таҳлили хоку растании ин муассисаи илмӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Корҳои таъмириву азнавсозӣ аз ҷониби ширкати пудратчӣ бо сифати баланд дар ҳудуди муассисаи илмӣ панҷ моҳ идома ёфта, аз натиҷаи корҳои иҷрогардида ҳафтаи ҷорӣ Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, роҳбарияти Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ва дигар шахсони мутасаддӣ дидан намуда, ҷиҳати бо сифати баланд насб ва пайваст намудани таҷҳизотҳои муосири озмоишгоҳҳо ба масъулин тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.

Мутахассисон кушиш менамоянд, ки таҷҳизотҳои муоссирро дар 11 адад озмоишгоҳои таҳлили хоку растании муассисаи илмӣ сари вақт насб намуда, рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор диҳанд.

Loading

X