БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪИЯТӢ ОИД БА ОҒОЗИ СОХТМОНИ МАРКАЗИ АГРОЛОГИСТИКӢ ДАР НОҲИЯИ Ҷ. БАЛХӢ
Ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷӯҳи беандоза зоир намуда, ҷиҳати амалишавии татбиқи нақшаҳои он пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Санаи 03 июни соли ҷорӣ муҳандисон ва мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо иштироки шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ.Балхӣ, истиқоматкунандагони маҳаллаҳои гирду атрофи иншооти корӣ ва кормандони ширкати сохтмонии “Строй — сентр” ки ба сохтмони маркази агрологистикӣ ҷалб гардидаанд ҷаласаи ҷамъиятӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти ҷаласа муовини раиси ноҳияи Ҷ.Балхӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ва мутахассиси масоили иҷтимоии муассиса Раъно Раҳматова оид ба дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои кори доимӣ, манфиати марказҳои агрологистикӣ ба аҳолӣ ва ҷиҳати татбиқи лоиҳа бо дарназардошти иҷроиши нозукиҳои кор ва сари вақт бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншооти мазкур суханронӣ намуданд.
Сипас муҳандисони ширкати сохтмонии “Строй — сентр” ҷиҳати амалисозии нақшаи бунёди маркази агрологистикӣ тавассути рунамо баромадҳои пурмуҳтаво намуда, нақшаҳои кории худро пешкаши ҳозирин намуданд.
Ҳамчунин дар марҳилаи оғозёбии сафарбаркунии корҳо ҷиҳати иҷроиши нақшаи идоракунии муҳити зист бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳо, пешниҳодҳои тарафҳои манфиатдор, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, тибқи талаботҳои стандартҳои иҷтимоиву экологӣ Бонки ҷаҳонӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ, техникаи бехатарӣ, иҷроиши талаботу меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми баррасии арзу дархостҳо ва иҷроиши дигар Қонунҳои амалкунанда маълумотҳои муфассал пешкаш карда шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаҳои дарпешистода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ниммаи дуюми рӯз муҳандисон ва мутахассисони муассиса оид ба сафарбаркунии корҳо аз мавзеи иншооти мазкур дидан намуданд.