Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

РАФТИ КОРҲОИ АПРОБАТСИОНИИ ЗИРОАТҲОИ ҒАЛАДОНАГӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Ҳамасола мутахассисони соҳа барои муайян намудани ҳосили биологии зироатҳои кишоварзӣ апробатсияи корҳои саҳроиро баргузор менамоянд.

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии амнияти озуқаворӣ дар миқёси вилояти Суғд апробатсияи зироатҳои ғалладонагиҳоро оғоз намуданд.

Ҳайати гурӯҳ дар рафти корҳои апробатсионӣ ҳосили биологии интизориро муайян намуда, барои таъмини нақшаи дуранамо чораандешӣ менамоянд.

Мутахассисон корҳои апробатсиониро аз майдонҳои хоҷагии деҳқонии “Соҳибҷон”-и дар ноҳияи Ҷ.Расулов ва хоҷагии деҳқонии Равшанбек дар н. Шаҳристон оғоз намуданд.

Қобили зикр аст, ки роҳбарони хоҷагиҳо соли ҷорӣ тухмиҳои хушсифати дорои сертификат, гурӯҳи элитаи навъҳои Тимирязевка 150 ва Алеексеичро, ки серҳосил ва ба шароити иқлим мутобиқ аст, аз ҷониби муассиса дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дастрас карда буданд.

Дар рафти корҳои апробатсионӣ муайян гардид, ки кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) корҳои агротехникиро дар вақташ бо сифати баланд баргузор намуданд, ки айни ҳол ҳосилнокии биологии гандум хеле хуб буда, 60 — 65 с/га-ро ташкил дод.

Loading

X