Хабарҳо 27.05.2025 РАФТИ КОРҲОИ АПРОБАТСИОНӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» дар якҷоягӣ бо мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии амнияти озуқаворӣ дар миқёси вилояти Хатлон апробатсияи корҳои таҳқиқотиро баргузор намуда истодаанд. Ҳайати гурӯҳ дар рафти корҳои апробатсионӣ ҳосили интизориро муайян намуда, барои таъмини нақшаи дуранамо чораандешӣ менамояд. Тухмиҳои хушсифате, ки имсол низ аз ҷониби муассиса дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дастраси кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) гардида буд, нисбат ба тухмиҳои маҳаллӣ бартарии зиёд дошта, ҳосилнокиашон хело хуб мебошад. Кишоварзони мамлакат (баҳрагирандагон) пас аз истифодаи тухмиҳои хушсифат собит намуданд, ки тухмии хушсифат кафолати серҳосилӣ дошта, дар натиҷаи риояи агротехникаи парвариш онҳо тавонистанд ҳосилнокии зироатро ба маротиб афзоянд. Айни ҳол мутахассисони соҳа дар миқёси вилояти Хатлон апробатсияи корҳои таҳқиқотии зироатҳои кишоварзӣ махсусан ғалладонагиро (гандум) бо маром идома дода, ҳосили интизории онҳоро муайян менамоянд. Таҳлили корҳои апробатсионӣ нишон медиҳад, ки ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ махсусан ғалладонагиҳо (гандум) нисбат ба соли гузашта баланд буда, нашъунамояшон низ хуб мебошад.