Беҳтар намудани ғизо Хабарҳо 23.05.2025 Мониторинги тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳоро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд «Саломатии миллат сарвати бебаҳост, ки бе он тавоноии давлатро тасаввур кардан имкон надорад». Ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо кормандони Ташкилоти ҷамъиятии “Авесто” мониторинги тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳоро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов) баргузор карда шуд. Сараввал бо Сардори Раёсати тандурустии вилоят Муҳиддин Ҳабибулло Хайруллозода мулоқоти корӣ анҷом дода шуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба дастрасии гурӯҳи мақсадноки аҳолӣ (занони ҳомиладор ва кӯдакони синни аз 6 то 59 моҳа) бо микронутриент ва витаминҳо, дар ин самт фаъолияти Марказҳои солимии репродуктивӣ ва Марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳамчунин бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ибрози андеша намуданд. Сипас ҳайати гурӯҳи корӣ дар Марказҳои солимии репродуктивӣ ва Марказҳои ҳамбастагии бемориҳои кӯдаконаи ш.Хӯҷанд, ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов бо масъулону мутасаддиён вохӯриҳо доир намуда, аз рафти ҳуҷҷатгузорӣ ва тақсимоти микронутриенту иловаҳои витаминӣ ба гурӯҳи мақсадноки аҳолӣ аз он ҷумла занони ҳомиладор, кӯдакони синни аз 6 то 59 моҳа дидан намуданд. Ҳамчунин аз ҳолати бемороне, ки дар руйхати истифодабарандагони микронутриентҳо ва витаминҳо ҳастанд дидан намуда, бо онҳо сӯҳбатҳо доир карда шуд. Онҳо иброз доштанд, ки баъд аз истифодаи маводҳои тиббӣ (микронутриенту иловаҳои витаминӣ) вазъи саломатӣ хуб гардидааст. Инчунин барои дастгириҳои пайваста ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ изҳори сипос ва миннатдории бепоён баён намуданд.