Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

МОНИТОРИНГИ РАФТИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” санаи 21-уми майи соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз рафти корҳои мавсимии кишоварзони вилояти Суғд (баҳрагирандагони лоиҳа) дидан намуданд.

Корҳои саҳроӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ бо маром идома дошта, кишоварзон дастаҷамъона ҳама ба коркади байни қатори пахта, нарм намудану аз алафҳои бегона тоза намудани зироатҳои гуногун, обдиҳиву ғизодиҳӣ ва ҷамъоварии ҳосили картошка, ки нав оғоз шуд машғуланд.

Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ низ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” зиёда аз 8 номгӯи тухмиҳои хушсифату дорои сертификати ба шароити иқлим мутобиқ аз қабили гандум, картошка, пахта, пиёз, нахут, ҷуворимакка, зағер ва лаблабуро ба якқатор хоҷагиҳои тухмипарвар, ниёзманд, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар хоҷагиҳо дастрас гардида буд.

Кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) тавонистанд кишти ин гуна зироатҳоро сари вақт ба роҳ монда, бо риояи дурусти корҳои агротехникӣ нашъунамои онҳоро хуб намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Б.Ғафуров ҷамъоварии зироати картошка оғоз гардид, ки хеле ҳосилаш фаровон мебошад. Айни ҳол дар саҳро нашъунамои ҳамагуна зироатҳо хуб буда, коркарди байни қаторҳо, ғизодиҳӣ, обмонӣ, чорабиниҳои муҳофизатӣ (мубориза бар зидди ҳашаротҳо) бо маром идома доранд.

Онҳо азм доранд, ки чун соли қаблӣ имсол низ ҳосили хуб ба оварда, бозорҳои дохилиро таъмини ва боқимондаашро ба содирот нигаронида даромади хуб ба даст биёранд.

Дар фазои сулҳу субот бо дили нияти нек меҳнати софдилона намудани ҳар як кишоварз барои таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар боиси ифтихору сарфарозӣ ва лоиқи таҳсин мебошад.

Loading

X