Дар рафти чорабинии омӯзишӣ баромадҳо оид ба масъалаҳои мазкур тавассути як силсила презентатсияҳо (рунамо) иборат буд, ки доираи васеи мавзӯъҳои муҳимро барои татбиқи стратегияҳои омӯзиш ва ҳифзи ҳамгироёнаи хокро фаро мегирифт.
Семинари мазкур ду рӯз (20 ва 21) идома ёфта, дар қисмати омӯзиши хокҳои саҳроӣ аз ҷониби олимони соҳа тибқи нақша дар саҳро тавассути таҷҳизотҳои муоссир элеметҳои гуногуни дар хокбуда ва ҳолати воқеии таркиби онро муайян намуда, пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.
Чорабинии мазкур барои мутахассисони соҳаи хокшиносӣ ва соҳаи кишоварзӣ роҳандозӣ гардида, то онҳо тавонанд мутахассисон бо истифода аз технологияҳои муоссир донишу малакаи хешро боз ҳам мукаммал гардонида, дар оянда татбиқи илмро дар амал ҷорӣ намоянд.
Дар фарҷоми семинар аз ҷониби масъулин ба иштирокчиён дар доираи корҳои иҷрогардида саволҳо пешниҳод гардид ва онҳо тавонистанд ба он ҷавобҳои мушаххас гардонанд.