Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

РАФТИ КОРҲОИ СОҲРОӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҳафтаи ҷорӣ аз рафти корҳои мавсимии кишоварзони вилояти Хатлон (баҳрагирандагони лоиҳа) дидан намуданд.

Корҳои саҳроӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маром идома дошта, кишоварзон дастаҷамъона ҳама ба ҷамъоварии ҳосили пиёз, коркади байни қатори пахта, нарм намудану аз алафҳои бегона тоза намудани зироатҳои гуногун ва обдиҳиву ғизодиҳӣ машғуланд.

Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ низ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” зиёда аз 8 номгӯи тухмиҳои хушсифату дорои сертификати ба шароити иқлим мутобиқ аз қабили гандум, картошка, пахта, пиёз, нахут, ҷуворимакка, зағер ва лаблабуи ошиву хӯроки чорворо ба якқатор хоҷагиҳои тухмипарвар, ниёзманд, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативии истеҳсолӣ ва дигар хоҷагиҳо дастрас гардида буд.

Кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) тавонистанд кишти ин гуна зироатҳоро сари вақт ба роҳ монда, бо риояи дурусти корҳои агротехникӣ нашъунамои онҳоро хуб намоянд.

Айни ҳол дар саҳро нашъунамои ҳамагуна зироатҳо хуб буда, коркарди байни қаторҳо, ғизодиҳӣ, обмонӣ, чорабиниҳои муҳофизатӣ (мубориза бар зидди ҳашаротҳо) бо маром идома дошта, хурду калон ҳама саргарми кор ҳастанд. Онҳо алакай ҷамъоварии зироатҳои сабзавотӣ, полезӣ ва меваҷотро оғоз намуда, барои таъмини бозорҳои дохилӣ ва ба содирот нигаронидани он омодагӣ мебинанд.

Loading

X