Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

ВОХӮРИҲО БО БАҲРАГИРАНДАГОНИ ЛОИҲА ОИД БА МЕХАНИЗМИ БАРРАСИИ АРЗУ МУРОҶИАТҲО ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти лоиҳа ва муносибатҳо бо баҳрагирандагон, механизми баррасии арзу пешниҳодҳоро дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ ба роҳ мондааст.

Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, ҳуҷҷати расмии идоракунии муҳити зисту масъалаҳои иҷтимоӣ, тартиби баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар доираи лоиҳаи мазкур комиссия аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт бо маром идома дорад.

Дар рафти баргузории ҷаласаҳо аз ҷониби мутахассисони масоили иҷтимоиву экологии муассиса ва кормандони Ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” масъалаҳо оид ба шафофияти фаъолияти лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” механизми баррасии арзу муроҷиатҳо, матраҳ мегарданд.

Loading

X