Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

Дастгирии муассисаҳои илмию таълимии назди вазорати кишоварзӣ ва АИКТ дар доираи лоиҳа

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни кишвар давра ба давра рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” пайваста ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии кори мутахассисони соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ҳафтаи сипаригардида муассиса дар доираи лоиҳаи мазкур барои толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур якқатор мебелҳои муоссир, ҳамчунин ба Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ” низ зиёда аз 30 номгӯи таҷҳизотҳои идоравии муоссир аз қабили принтер, компютерҳои рӯи мизӣ, ноутбук, планшет, таҷҳизоти аксбардор ва ғайраҳо, ки солиёни зиёд мутахассисони соҳа ба он эҳтиёҷ доштанд, бо теъдодҳои гуногун харидорӣ намуда, дастрас гардонид.

Таҷҳизотҳои наву муоссири дастрасгардида сифати хуб дошта, мутахассисон метавонанд дар рафти истифодабарӣ мушкилиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, самаранокии кори худро баланд бардошта ба натиҷаҳои хуб ноил гарданд.

Loading

X