Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ҲАЙАТИ МИССИЯИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ДАР В. СУҒД

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз ниҳодҳои Муассисаи давлатии “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо дар ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Конибодом дидан намуданд.

Сараввал барои ифтитоҳи оби полезӣ аз чоҳи амудӣ ба Стансияи давлатии навъсанҷӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров ташриф оварда, аз қитъаҳои навъсанҷии ин минтақа дидан намуданд.

Сипас аз ҷониби роҳбарии ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ муҳтарам Хазем Иброҳим Ҳамбал оби полезӣ ифтитоҳ гардида, аввалин обёрӣ дар имсол оғоз гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки Стансияи давлатии навъсанҷӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров барои корҳои илмию озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ дар тавозуни худ 26,63 га замини кишоварзӣ дошта, тулли солиёни зиёд аз норасогии оби полезӣ танқисӣ мекашид.

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” соли ҷорӣ барои шодобгардонии заминҳои стансия чоҳи амудиро бо иқтидори 25 литр дар як сония бо тарҳи муоссир бунёд намуд, ки барои обёрии заминҳои стансия равона карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки муассиса дар доираи лоиҳа барои мустаҳкам намудани баззаи модиву техникӣ ва рушди соҳаи тухмипарварӣ як адад трактори МТЗ- 82 бо таҷҳизотҳояш ва тухмиҳои хушсифати дорои сертификати гурӯҳи элитаро барои 10 га (5 га тухмии пумбадона ва 5 га гандум) дастрас намудааст.

Сипас ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз стансияи навъсанҷӣ дар шаҳри Конибодом дидан намуда, ба кори мутахассисон баҳои баланд доданд. Стансияи давлатии навъсанҷӣ дар ш. Конибодом дар тавозуни худ 24 гектар заминҳои корами обӣ дошта, пайваста он барои озмоиши навъҳои нави зироатҳои ба шароити иқлим мутобиқ, серҳосил ва рушди соҳаи тумипарварӣ равона карда шудааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассиса дар доираи компоненти якуми лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» намои пурраи беруна ва дохилаи амборро, ки барои нигаҳдории тухмиҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ ва дигар маводҳои илмӣ пешбинӣ гардидааст дар масоҳати 217 метри мурабаъ бо сифати баланд таъмиру азнавсозӣ ва рангубор гардида, мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Болопӯши амбор, ки кӯҳнаву фарсуда гардида буд дар масоҳати 174 метри мурабба бо сифати хуб пурра азнавсозӣ карда шуд.

Дар баробари таъмири асосии амбор гирду атрофи стансия, ки солиёни зиёд кушода буд дар масоҳати 58 метр дарозӣ бо таҳкурсии битонӣ ва баландии 3 метр девор бардошта, рангубор ва болопуш карда, дар даромадгоҳи он дарвоза насб карда шуд. Инчунин як ташноб (ҳоҷатхона) сохта ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин дар доираи лоиҳа боз як трактори МТЗ- 80х, таҷҳизоти пахтаҷинкунӣ ва тухмиҳои хушсифати гурӯҳи элита (гандум ва пахта) дастрас намудааст.

Ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ сипас аз техникаҳои кишоварзӣ ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова дидан намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳа ба ҶСШК ба номи Э.Бойматова як трактори МТЗ-80х ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ (тухмипошаки дақиқ, мошинолоти коркарди байни қатор ва мошинолоти шудгоркунии замин) дастгирӣ намуда, кори кишоварзонро осон намудааст.

Кишоварзон ва мутахассисон аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ миннатдории бепоён изҳор намуданд.

Дар фарҷом ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз пазироии самимии кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) изҳори сипос намуданд.

Loading

X