Хабарҳо 06.05.2025 Ташрифи ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ ба вилояти Суғд Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар”, ки яке аз ҳадафҳои миллиамон аст, ҳамеша тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тибқи нақша Миссияи Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии раванди татбиқи лоиҳа вохӯриҳоро бо Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вилоят, манфиатбарандагон ва масъулини татбиқи лоиҳа аз санаи 05.05 то 07.05.2025 дар вилояти Суғд баргузор намуда истодааст. Санаи 05 -уми майи соли ҷорӣ Миссияи Бонки ҷаҳонӣ дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо муовини раиси вилоят оид ба иқтисод Анвар Ёқубӣ мулоқоти корӣ анҷом дод. Зимни мулоқот муовини раиси вилоят оид ба корҳои таъмиру азнавсозии иншооти кишоварзӣ, дастрасии баҳрагирандагони лоиҳа бо тухмиҳои хушсифату дорои сертификати зироатҳои кишоварзӣ, мустаҳкам намудани баззаи модиву техникии хоҷагиҳои ниёзманду тухмипарвар, барои обёрии заминҳои кишоварзӣ кандани чоҳҳои амудӣ ва бунёди маркази агрологистикӣ дар минтақаи озоди иқтисодии вилоят ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин иброз доштанд, ки қариб 85 фоизи заминҳои кишоварзии вилоят тавассути насосҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд, ки айни ҳол қисме аз онҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Инчунин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ибрози назар намуда, барои обёрӣ кардани онҳо нақшаҳои нав аз ҷониби мутахассисони соҳа таҳия гардида, пешниҳоди ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ карда шуд. Дар рафти мулоқот масъалаҳо роҷеъ ба баланд бардоштани истеҳсоли ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, коркарди онҳо дар дохили кишвар ва оғозӣ бунёди маркази агрологистикӣ дар минтақаи озоди иқтисодии вилоят яке аз масъалаҳои калидӣ ба ҳисоб мерафт. Дар рафти мулоқот ба намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ва роҳбари Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҷиҳати ҳамкории пайваста доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ изҳори сипос намуданд. Дар интиҳо ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз пазироии самимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд изҳори сипос намуданд.