Ташрифи ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ ба вилояти Хатлон
Ҳукумати Ҷумҳурии Таҷикистон барои рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни кишвар махсусан соҳаи кишоварзӣ таваҷҷӯҳи беандоза зоир намуда, барои амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои миллӣ — “Таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ” пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тибқи нақша Миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз санаи 28.04. то 08.05.2025 барои дастгирии раванди татбиқи лоиҳа вохӯриҳоро бо вазорату идораҳо, мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, манфиатбарандагон ва масъулини татбиқи лоиҳа баргузор менамояд.
Санаи 1 -уми майи соли ҷорӣ ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.
Дар рафти сафари корӣ сараввал бо муовини якуми раиси вилоят муҳтарам Мирзозода Музаффар ва раиси ноҳияи Дӯстӣ муҳтарам Нишонзода Даврон мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.
Зимни мулоқот муовини якуми раиси вилоят оид ба корҳои таъмиру азнавсозии иншоотҳои кишоварзӣ, дастрасии баҳрагирандагони лоиҳа бо нуриҳои минералӣ, тухмиҳои хушсифату дорои сертификати зироатҳо, мустаҳкам намудани баззаи модиву техникии хоҷагиҳои ниёзманду тухмипарвар ва бунёди маркази агрологистикӣ дар ҳудуди вилоят ибрози андеша намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои ҳамешагӣ, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ва роҳбари Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҷиҳати ҳамкории пайваста доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ изҳори сипос намуданд.
Сипас ҳайати корӣ дар рафти сафар аз Кооперативи тиҷоратии ба номи Сафар Ҷумаев дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ дидан намуда, бо роҳбарони хоҷагиҳо (баҳрагирандагони лоиҳа) вохӯрӣ баргузор намудан. Дар рафти вохӯрӣ кишоварзон аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бо масъулин суҳбат оростанд.
Пас аз вохӯрӣ тибқи нақша ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз хоҷагии деҳқонии ба номи Эргаш Султонов ва Кооперативи истеҳсолии ба номи Эшбек Саттор дидан намуда, бо роҳбарони хоҷагиҳо (баҳрагирандагони лоиҳа) вохӯрӣ доир намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ бо баҳрагирандагони лоиҳа саволу ҷавоб сурат гирифта, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами соҳа (дастрасии хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат махсусан тухмии полезиҳо, бунёди сардхонаҳо, гармхонаҳои доимоамалкунанда, техникаҳои хурду калонҳаҷм ва пешгирӣ намудани шуршавии заминҳои кишоварзӣ) ибрози андеша намуданд.
Кишоварзон аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар, Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ миннатдории бепоён изҳор намуданд.
Дар фарҷом ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз пазироии самимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва хоҷагидорон (баҳрагирандагони лоиҳа) изҳори сипос намуданд.