Хабарҳо 30.04.2025 Боздиди Миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз рафти корҳои таъмирию сохтмонӣ аз озмоишгоҳҳои ташхиси хоку растании Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ Тибқи нақша Миссияи Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз санаи 28.04.2025. то 08.05.2025 барои дастгирии раванди татбиқи лоиҳа вохӯриҳоро бо вазорату идораҳо, мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, манфиатбарандагон ва масъулини татбиқи лоиҳа баргузор менамояд. Бо ҳамин тартиб санаи 28- уми апрели соли ҷорӣ ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ бо роҳбарии муҳтарам Хазем Иброҳим Ҳамбал ва Директори Муассисаи давлатаии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ муҳтарам Далер Саторӣ Абдумансур бо Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло, ва Директори Иститути хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ Зебинисо Бобохониён вохӯрӣ намуда, аз рафти корҳои таъмирии 11 озмоишгоҳҳои хоку растании муассисаи илмӣ, осорхона ва толори маҷлисгоҳи он дидан намуда, ба кори пудрадчиён баҳои баланд доданд. Зимни вохӯрӣ Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло иброз доштанд, ки корҳои таъмиру барқарорсозии муассисаҳои илмии АИКТ дастгирии қисме аз муассисаҳои илмӣ бо таҷҳизотҳои озмоишгоҳӣ, компюперу принтерҳо ва дигар техникаҳои муосир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ ва Муассисаи давлатаии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ иқдоми басо нек ва саривақтӣ буда, самаранокии кори олимону мутахассисони соҳаро боз ҳам баланд ва илмро дар амал татбиқ менамояд. Сипас директори муассиса иброз доштанд, ки пас аз бо сифати баланд ба анҷом расонидани таъмири 11 озмоишгоҳи хоку растании Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар рӯзҳои наздик дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” озмоишгоҳҳои ин муассисаи илмӣ бо таҷҳизот ва технологияҳои муосир таҷҳизонида мешавад.