Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ «ТАБИБОНИ ХОК» ДАР ҶДММ Л. МУРОДОВ

Бо дастгирии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) санаи 28 апрели соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” семинари омӯзишии “Табибони хок” бо иштироки мутахассисони соҳаи хокшиносӣ баргузор гардид.

Семинари омӯзишӣ дар толори ҶДММ Латиф Муродов-и шаҳри Ҳисор баргузор гардида, аз ҷониби олимону мутахассисони соҳаи хокшиносӣ мушкилотҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Баромадҳо оид ба масъалаҳои мазкур тавассути як силсила презентатсияҳо (рунамо) доираи васеи мавзӯъҳои муҳимро барои татбиқи стратегияҳои омӯзиш ва ҳифзи ҳамгироёнаи хок фаро мегирифт.

Семинари мазкур ду рӯз (28 ва 29) идома ёфта, аз ҷониби олимони соҳа тибқи нақша дар саҳро тавассути таҷҳизотҳои муоссир элеметҳои гуногуни дар хокбуда ва ҳолати воқеии таркиби он муайян карда, пешниҳоди иштирокчиён гардонида мешавад.

Ҳадаф аз баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ ин сари вақт омода намудани мутахассисони соҳа дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта, истифодаи технологияи муоссир дар рафти фаъолияти имрӯзаи соҳа, боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мебошад.

Чорабинии мазкур барои мутахассисони соҳаи хокшиносӣ ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ роҳандозӣ гардида аст. То онҳо тавонанд бо истифода аз технологияҳои муоссир донишу малакаи хешро боз ҳам мукаммал гардонида, дар оянда татбиқи илмро дар амал ҷорӣ намоянд.

Loading

X