Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Дастгирии хоҷагиҳои тухмипарвар дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ»

Мутахассисони Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» аз ҳолати воқеии хоҷагии тухмипарварии «Яккатут»-и ноҳияи Ҷ. Расулов, ки баҳрагирандаи лоиҳа аст дидан намуданд.

Хоҷагии мазкур дар тавозуни худ 100 га замини корам дошта, онро пайваста самаранок истифода мебарад.

Муассиса дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» шурӯъ аз соли 2023 хоҷагии тухмипарварро бо нурии минералӣ, тухмиҳои хушсифати гурӯҳи элита, техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ дар қатори дигар хоҷагиҳо дастгирӣ намудааст.

Хоҷагии мазкур бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва риояи агротехникаи парвариш давра ба давра тавонистааст майдони кишти зироатҳоро зиёд намуда, ҳосилнокиро ба маротиб афзояд, ва аз ҳисоби даромади софи хоҷагӣ дар баробари обёрии заминҳо, сари вақт пардохт намудани маоши кормандон се дар хонаи замонавӣ барои кормандон махсусан ба занҳои коргар бунёд кунад.

Роҳбари хоҷагӣ тасмим гирифтааст, ки пас аз ҷамъоварии ҳосили имсола боз як амбори муосир барои нигаҳдории маҳсулот ва тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ сохта ба истифода медиҳад.

Кормандон аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманд буда, азм доранд, ки ҷиҳати зиёд намудани тухмиҳои хушсифат дар кишвар ва рушди соҳаи тухмипарварӣ саҳми худро гузоранд.

Loading

X