БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА “ТАЪСИСИ ФОНДИ МИЛЛИИ ГАРДИШИ ПРЕМИКС ДАР ТОҶИКИСТОН”
Ғизо муҳимтарин омили тандурустӣ, накуаҳволӣ, равнақи кору зиндагии инсон буда, ҳаёти инсон ба ғизо пайванди ногусастанӣ дошта, он дар рушди бадан, ба вуҷуд омадани ҳуҷайраву бофтаҳо, таъмини ҷисм бо моддаҳои зарурӣ, пайдоиши ҳормонҳо, ферментҳо ва дигар равандҳои мубодила лозим аст.
Бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд тавассути ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”-ро қабул намуд. Дар доираи амалисозии қонуни мазкур “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №415 тасдиқ гардид.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудуни қонуни мазкур имрӯз, санаи 22-юми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои “Таъсиси Фонди миллии гардиши премикс дар Тоҷикистон” мизи мудаввар доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, як қатор роҳбарони корхонаҳои коркарди маҳсулоти хӯрока (Орд ва намак) ва намояндагони шарикон оид ба рушд дар ҳамкорӣ бо Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милалӣ Муттаҳид бо иштироки роҳбари лоиҳаи Алянси глобалии ғизои беҳтаршуда (Gain) иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи мизи мудаввар муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода иброз дошт, ки ҳолати беҳтар гардидани вазъи ғизо барои мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ хеле зарур мебошад. Бояд қайд кард, ки масъалаҳои ташкили ғизои аҳолӣ яке аз самтҳои асосии стратегии Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, давоми солҳои охир қабул гардидани 2 қонун, 2 стратегия, 4 барнома ва 1 нақшаи сатҳи миллӣ гувоҳи муҳим будани масъалаи мазкур мебошад.
Сипас директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” муҳтарам Далер Саторӣ оид ба лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ва фаъолияти “Таъсиси фонди миллии гардиши премиксҳо дар Тоҷикистон”, иқтисодчии калони соҳаи кишоварзӣ, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ҳазем Иброҳим Ҳанбал ва дигар шахсони расмӣ роҷеъ ба масъалаи мазкур суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар мизи мудаввар як қатор масъалаҳо, аз ҷумла пешниҳоди маълумот оид ба «Таъсиси Фонди миллии гардиши премиксҳо дар Тоҷикистон», “Дастовардҳо дар самти иҷроиши Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, “Мушкилотҳо оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҳолати заминаи меъёрию ҳуқуқии ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ (Тоҷикстандарт)”, “Арзёбии агентии эҳтимолии мизбон барои NRFP” ва “Муҳокима бо бахши хусусӣ оид ба натиҷаҳои арзёбӣ ва тарҳрезии фонд” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 ҳамчун давлати 42-юм ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) шомил гардид. Аз соли 2015 бошад, дар кишвар Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизо фаъолият дорад, ки дар он тамоми намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил мебошанд, ки баҳри беҳтар намудани сатҳи ғизо стратегияю барномаҳоро, аз ҷумла “Стратегияи рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027”, “Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000-рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024”-ро татбиқ намуда, мавриди амал қарор дорад.
Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён вобаста ба самтҳои гуногуни таъсиси лоиҳаи мазкур фикру андешаҳои худро пешниҳод карданд.