Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

ОБЁРИИ ЗАМИНҲОИ НИҲОДҲОИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ ВА АИКТ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паи рушди нумӯи соҳаҳои гуногуни кишвар аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ кушишу талош намуда, барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии хок ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои шодоб гардонидани заминҳои кишоварзӣ кандани якчанд чоҳҳои амудӣ дар заминҳои илмию таҷрибавии ниҳодҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар миқёси кишвар ба нақша гирифта шуда, айни ҳол дар се адади он корҳои пармакунӣ ба анҷом расида, васлу насби трансформаторҳо бо ноқилу таҷҳизотҳо бо маром идома дорад.

Имрӯзҳо корҳо дар чоҳи обкашӣ дар заминҳои Муассисаи давлатии Стансияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо ва Маркази миллии захираҳои генетикии АИКТ дар ноҳияҳои Муминободи вилояти Хатлон, н.Б.Ғафурови вилояти Суғд ва деҳаи Сарикиштии н. Рӯдакӣ, амалӣ гардида, айни ҳол насби пояҳои оҳану бетонии барқӣ, васлу насби трансформаторҳо, ва симҳои ҳифозатшуда, насби ҳисобкунакҳои барқӣ, ва насоси чоҳ идома дошта, дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешавад.

Бунёди чоҳҳои амудӣ барои шодобгардонии заминҳои кишоварзӣ аз 10 то 20 гектар пешбинӣ гардида, ин иқдом аз ҷониби муассиса давра ба давра идома меёбад.

Айни ҳол иншооти дигари обкашӣ дар шаҳри Истаравшан корҳои пармакунӣ оғоз гардида, мутахассисони соҳа азм доранд, ки тибқи талаботи стандартҳои экологию ичтимоӣ ҳарчи зудтар дар мӯҳлатҳои муайянгардида бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Loading

X