Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

КИШТИ ТУХМИИ ҶУВОРИМАККА ДАР КИШВАР БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Шурӯъ аз моҳи январи соли ҷорӣ Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ тақсимоти тухмиҳои хушсифати зағер 60 тонна, нахуд 120 тонна, ҷӯворимакка 150 тонна ва 11 тонна лаблабуро оғоз намуда, дар муҳлати муайянгардида дастраси хоҷагиҳои ниёзманди кишвар гардонида шуд.

Кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) пас аз дастрасии тухмии хушсифати зироатҳои мазкур корҳои мавсимиро дар саҳро вуъсат дода, кӯшиш менамоянд, ки кишти онҳоро сари вақт ба анҷом расонанд.

Айни ҳол дар қатори дигар зироатҳо кишти тухмии ҷуворимаккаи навъҳои “Фанюй — 958” ва “Эгшон — 608”, ки ба 6049 хоҷагиҳои ниёзманди кишвар дастрас гардида буд, дар майдони 6000 га дар миқёси ҷумҳурӣ бо маром идома дошта, рӯзҳои наздик кишти он ба анҷом расонида

Loading

X