Хабарҳо 11.04.2025 Раванди тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо оид ба ғизои солим дар кишварҲафтаи ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони муассиса ва кормандони Ташкилоти ҷамъиятии “Авесто” мониторинги тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳоро дар вилояти Хатлон (ш. Бохтар, н.Кӯшониён, ш.Леваканд, н.Вахш, н.Ҷ. Балхӣ) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ш.Ҳисор, н.Шаҳринав ва ш.Турсунзода) баргузор карда шуд.Қобили зикр аст, ки пеш аз тақсимоти микронутриент ва витаминҳо аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, Вазорати тандурустӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии “Авесто” семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки масъулону мутахассисони тибби оилавӣ, ҳуҷраҳои ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ва мутахассисони солимии репродуктивӣ шаҳру ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор гардида буд.Ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба рафти ҳуҷҷатнигорӣ ва тақсимоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба гурӯҳи мақсадноки аҳолӣ аз он ҷумла занони ҳомиладор, кӯдакони синни аз 6 то 59 моҳа бо мутасаддиёни марказҳои солимии репродуктивӣ ва масъулони марказҳои ҳамбастагии бемориҳои кӯдаконаи ш.Бохтар, н.Кӯшониён, ш.Леваканд, н.Вахш, н.Ҷ. Балхӣ ш.Ҳисор, н.Шаҳринав ва ш.Турсунзода дидан намуда, аз фаъолияти онҳо дар самти тақсимоти маводҳо воқиф гардиданд.Дар рафти сафари хизматӣ аз ҳолати бемороне, ки дар руйхати истифодабарандагони микронутриентҳо ва витаминҳо ҳастанд дидан намуда, бо онҳо сӯҳбатҳо баргузор карда шуд.Дар рафти мулоқот онҳо ба ҳайати гурӯҳ аз беҳтар гаштани вазъи саломатии худ ва фарзандон фаҳмонида, изҳори сипос ва миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии гурӯҳи мақсадноки аҳолӣ аз он ҷумла занони ҳомиладор ва кӯдакони синни аз 6 то 59 моҳа баён намуданд.