Хабарҳо 10.04.2025 ТУХМИИ ХУШСИФАТ КАФОЛАТИ СЕРҲОСИЛИИ ЗИРОАТ АСТБо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор тухмиҳои хушсифати дорои сертификатро аз дохил ва хориҷи кишвар барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва рушди соҳаи тухмипарварӣ ба хоҷагиҳои тухмипарвар дастрас менамояд.Соли сипаригардида аз ҷониби муассиса дар дораи лоиҳа 500 тонна тухмии хушсифати гандуми гурӯҳи элита аз қабили навъҳои Тимирязевка — 150 ва Алексеичро аз хориҷи кишвар ворид намуда, тибқи нақшаи Вазорати кишоварзӣ барои кишти тирамоҳии соли 2024 ва ҳосили соли 2025 дастраси 115 хоҷагиҳои тухмипарварӣ ҷумҳурӣ карда шуд.Кишоварзони мамлакат (баҳрагирандагони лоиҳа) дар муҳлатҳои муайянгардида кишти онро сари вақт ба анҷом расонида, айни ҳол мутахассисони соҳа аз рафти мониторинги хоҷагии тухмипарварии ҶДММ Л.Муродов мушоҳида намуданд, ки ҳолати нашъунамои он хеле хуб буда, дар ҳолати риояи дурусти агротехникаи парвариш аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.Ҳамчунин 1100 тонна тухмии гандуми, навъи «Алексеич», «Тимирязевка — 150» ва «Гром»-ро ба 5055 хоҷагиҳои ниёзманди ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд, ки тухмии мазкур гурӯҳи реподуксияи якум буда, барои такрористеҳсолкунӣ аз хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ дастрас гардидааст.Баҳрагирандагони лоиҳа боварӣ доранд, ки ҳосилнокии ин зироатро нисбат ба соли гузашта ба маротиб афзуда, дар таъмини бозорҳои дохилӣ саҳмгузор мешаванд.