Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

ДАСТРАСИИ ХОҶАГИҲОИ ТУХМИПАРВАР БО ТУХМИИ ХУШСИФАТИ ПАХТА

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» соли ҷорӣ пеш аз муҳлати кишт 150 тонна тухмии хушсифати дорои сертификати гурӯҳи элитаро аз кишвари Туркия вирид намуда, сари вақт дастраси хоҷагиҳи тухмипарвар ва ниёзманди кишвар гардонид.

Кишоварзон аз таҷрибаҳои солҳои қаблӣ медонад, ки тухмиҳои воридгардида серҳосил ва ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ буда, дар ҳолати риояи агротехникаи парвариш онҳо метавонанд аз он ҳосили баланд ба даст биёранд.

Айни ҳол кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) дар сар то сари кишвар кишти зери пилёнкаи тухмии мазкурро оғоз намуда, азм доранд, ки дар рӯзҳои наздик онро ба анҷом расонанд.

Loading

X