Хабарҳо 08.04.2025 РАФТИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Имрӯзҳо кулли кишоварзони мамлакат аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода намуда, дастаҷамъона ба корҳои саҳрои камари ҳиммат бастаанд. Мутахассисони минтақавии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз рафти корҳои соҳроии хоҷагиҳои тухмипарвар ва ниёзманди вилоят (баҳрагирандагони лоиҳа) дидан намуда, аз корҳои онҳо шинос шуданд. Қобили зикр аст, ки соли сипаригардида аз ҷониби лоиҳа дар майдони 977 га хоҷагиҳои тухмипарварӣ вилоят, дар майдони 374 га секторҳои хусусӣ, инчунин дар майдони 30 га муассисаҳои илмию таҷрибавӣ ва стансияҳои навъсанҷӣ тухмии гандуми навъи «Алексеич» ва «Тимирязевка-150» -ро дастрас намуда кишт карда буданд. Айни ҳол майдонҳои гандумзор нисбат ба соли гузашта нашъу намои хуб дошта, кишоварзон аз ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, агротехникаи парвариши зироати гандумро хуб ба роҳ монда, ҳама дастаҷамъона майдонҳоро аз алафҳои бегона тоза карда корҳои агротехникиро, (ғизодиҳӣ, обмонӣ ва чораҳои муҳофизатӣ) сари вақт ба анҷом расонида истодаанд. Дар рафти сафари корӣ мутахассисони муассиса барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, риояи корҳои агротехникӣ, тибқи меъёр истифодабарии заҳрдоруҳо ба кишоварзон тавсияҳои судманди илмӣ пешниҳод намуданд.