Хабарҳо 01.04.2025 Рафти корҳои саҳроӣ дар в.Суғд Мутахассисони минтақавии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз рафти корҳои соҳроии хоҷагиҳои тухмипарвар ва ниёзманди вилоят (баҳрагирандагони лоиҳа) дидан намуданд. Сараввал аз хоҷагиҳои тухмипарвари вилоят, ки соли сипаригардида аз ҷониби лоиҳа дар майдони 621 гектар тухмии гандуми навъи «Алексеич 2», «Тимирязевка-150» ва хоҷагиҳои осебпазир дар майдони 1100 гектар гандуми навъи «Гром» дастрас ва кишт гардида буд дидан намуданд. Айни ҳол майдонҳои гандумзор нисбат ба соли гузашта нашъу намои хуб дошта, кишоварзон аз ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, агротехникаи парвариши зироати гандумро хуб ба роҳ монда, ҳама дастаҷамъона майдонҳоро аз алафҳои бегона тоза, ғизодиҳӣ, обмонӣ ва чораҳои муҳофизатиро сари вақт ба анҷом расонида истодаанд. Ҳамчунин аз хоҷагиҳои ниёзманди вилоят (баҳрагирандагони лоиҳа), ки дар майдони 176 гектар тухмии картошкаи навъи «Аризона» кишт шуда буд аз рафти корҳои саҳроии онҳо низ дидан намудем, ки ҳама дастаҷамъона ба коркарди байни қатори картошка банд буданд. Дар рафти сафари корӣ мутахассисони муассиса барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, риояи корҳои бехатарӣ, риояи меъёр дар вақти истифодабарии заҳрдоруҳо, тибқи талоботҳои экологиву иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ ба кишоварзон тавсияҳои судманди илмӣ пешниҳод намуданд. Имрӯзҳо корҳои саҳроӣ дар вилоят бо маром идома дошта, кишоварзон аз ҳавои ҳаррӯзаи мусоиди офтобӣ самаранок истифода намуда, ҳама саргарми корҳои саҳроӣ ҳастанд.