Хабарҳо 20.03.2025 Вохӯриҳо бо баҳрагирандагони лоиҳа оид ба механизми баррасии арзу муроҷиатҳо дар сатҳи маҳалМуассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти лоиҳа ва муносибатҳо бо баҳрагирандагон, механизми баррасии арзу пешниҳодҳоро дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ ба роҳ мондааст.Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва талаботи моддаи 10-и банди 10.1 ҳуҷҷати расмии идоракунии муҳити зисту масъалаҳои иҷтимоӣ, тартиби баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар доираи лоиҳаи мазкур комиссия аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт бо маром идома дорад.Инчунин вохӯриҳои воқифгардонии аҳолӣ дар бораи баррасии арзу шикоятҳои ҷонибҳои ҷалбгардидаи аҳолии шаҳру ноҳияҳои зикргардида тибқи нақша давра ба давра баргузор гардида истодаанд.Дар ин замина ҷиҳати ба роҳ мондани механизми баррасии арзу муроҷиатҳо, аз доираи лоиҳа тариқи шартнома ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” низ ҷалб гардидааст.Дар рафти баргузории ҷаласаҳо аз ҷониби мутахассисони масоили иҷтимоиву экологии муассиса ва кормандони Ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” масъалаҳо оид ба шафофияти фаъолияти лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” механизми баррасии арзу муроҷиатҳо, матраҳ мегарданд.Мутахассисони масоили иҷтимоиву экологии лоиҳа дар якҷоягӣ бо кормандони ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тибқи нақша вохӯриҳо оғоз намуда, санаи 18.03.2025 чунин чорабинӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён баргузор карда шуд.Баҳрагирандагони лоиҳа аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаноатманд буда, азм доранд, ки пайваста ҳар ваҷаб заминҳои дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар ҳамеша саҳмгузор бошанд.