Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Оғози корҳои пармакунии чоҳи амудӣ барои шодобгардонии заминҳои Муассисаи давлатии “Навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо” дар ноҳияи Муминобод ва Маркази миллии захираҳои генетикии АИКТ дар н.Рӯдакӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷӯҳи беандоза зоир намуда, ҷиҳати амалишавии татбиқи нақшаҳои он пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” шурӯъ аз моҳи марти соли ҷорӣ корҳои пармакунии чоҳи амудӣ барои обёрии заминҳои Муассисаи давлатии “Навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо” дар ноҳияи Муминобод ва Маркази миллии захираҳои генетикии АИКТ дар н.Рӯдакӣ оғоз гардид.

Рӯзҳои 06 ва 07 -уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби муҳандисон ва мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо иштироки коргарони ширкате, ки ба корҳои пармакунии чоҳи амудӣ ҷалб гардидаанд ва истиқоматкунандагони маҳаллаҳои гирду атрофи обйекти корӣ ҷаласаи ҷамъиятӣ оид ба иҷроиши корҳои пармакунии чоҳи амудӣ, барои обёрӣ намудани заминҳои муассисаи мазкур баргузор карда шуд.

Муҳандисон ва мутахассисони муассисаи мазкур аз оғози корҳои пармакунии чоҳи амудӣ дидан намуда, бо дарназардошти иҷроиши нозукиҳои кор ва сари вақт бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои ба нақшагирифташуда тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин дар марҳилаи оғозёбии корҳои пармакунӣ ҷиҳати иҷроиши нақшаи идоракунии муҳити зист бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои тарафҳои манфиатдор, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, тибқи талаботҳои стандартҳои иҷтимоиву экологӣ Бонки ҷаҳонӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ, техникаи бехатарӣ, иҷроиши талаботҳои меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва механизми баррасии арзу дархостҳо маълумотҳои муфассал пешкаш карда шуд.

Проиграть видео

Loading

X