Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ” МУҲТАРАМ ДАЛЕР САТОРӢ АБДУМАНСУР БА ИФТИХОРИ 32 — ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо камоли эҳтиром ва садоқатмандии бепоён ҳамаи Шумо ҳамватанони азизро ба ифтихори 32 — юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Артиши миллӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеан як бахши ниҳоят муҳими давлатдорӣ ва асоси пойдориву мавҷудияти миллати куҳанбунёди мо дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, саҳмгузорӣ ба рушди он вазифаи мақаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвари кишвари азизамон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Артиши миллии кишвар дар марҳалаи оғози қадамҳои устувор ба Истиқлолияти давлатӣ ба навбунёдии хеш нигоҳ накарда, тавонист барои барқарор кардани сулҳу оромӣ ва бехатарии марзҳои кишвар талошу хизмати сарнавиштсоз ва шоистаи таҳсинро татбиқ намояд.

Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд.

Ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат ба даст омадааст.

Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш кулли афсарону сарбозони кишварро самимона табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирӯзӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон суботу оромии ҷовидонаро таманно менамоям.

Loading

X