Хабарҳо 21.02.2025 Дастрасии заҳрхимикатҳо барои мубориза бар зидди малах Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати беҳтар намудани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах 20 ҳазор литр заҳрдору харидорӣ намуда, дар якҷоягӣ бо ҳайати комиссия санаи 21 — уми феврали соли ҷорӣ дастраси Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” гардонида шуд. Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2023 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи мазкур барои дастгирии Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” 6 адад техникаҳои калонҳаҷм (трактор), 6 адад таҷҳизоти дорупошии ба трактор насбшаванда (AGROS), 1 адад автомашинаи сабукрав (RAF), 6 адад автомашинаи саҳроӣ (PICKUP), 11 адад таҷҳизотҳои дорупошии ба автомашина насбшаванда, 300 адад таҷҳизоти хурди моторӣ, 300 адад таҷҳизоти хурди дастиву батареядор, 830 адад воситаҳои инфиродии муҳофизавӣ ва 35 ҳазор литр заҳрдоруҳо харидорӣ гардида, дастраси муассисаи мазкур карда шуд.