Хабарҳо 14.02.2025 Заминҳои муассисаҳои илмии кишоварзӣ шодоб гардонида мешавад Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, барои ба гардиши кишварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои шодоб гардонидани заминҳои кишоварзӣ кандани шаш чоҳи амудӣ дар заминҳои муассисаҳои илмии кишоварзӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуда, айни ҳол дар ду адади он корҳои пармакунӣ ба анҷом расида, васлу насби трансформатор бо ноқилу таҷҳизотҳояш бо маром идома дорад. Имрӯзҳо корҳо дар чоҳи обкашӣ дар заминҳои Муассисаи давлатии Стансияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо, дар ноҳияи Б.Ғафуров ва Истаравшани вилояти Суғд амалӣ гардида, айни ҳол насби пояҳои оҳану бетонии барқӣ, васлу насби трансформатор, симҳои лучи алюминӣ ва симҳои ҳифозатшуда, насби ҳисобкунакҳои барқӣ, ва насоси чоҳ бо маром идома дошта, дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешавад. Айни ҳол дар чор иншооти дигари обкашӣ корҳои пармакунӣ оғоз гардида, мутахассисони соҳа азм доранд, ки тибқи талаботи стандартҳои экологию ичтимоӣ ҳарчи зудтар дар мӯҳлатҳои муайянгардида бо сифати баланд ба анҷом расонанд, то мутахассисони Муассисаи давлатии Стансияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо, тавонанд дар ин мавсим аз қитъаҳои таҷрибавӣ самаранок истифода намоянд. Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки ҷиҳати таъмин намудани обҳои полезӣ барои хоҷагиҳои ниёзманди ҷумҳурӣ дар марҳилаи баҳодиҳии техникию иқтисодӣ ва таҳияи харҷномаҳо қарор дошта, дар назар аст, ки соли ҷорӣ корҳои сохтмонию барқарорсозӣ амалӣ карда мешавад.