Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Кишти тухмии зағер дар вилояти Суғд

Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар қатори дигар тухмиҳо тухмии хушсифати зағери навъи «Северный»-ро ба миқдори 60 тонна аз хориҷи кишовар ворид намуда, ба хоҷагиҳои ниёзманди кишвар дастрас намуд.

Имрӯзҳо кишоварзони вилояти Суғд (баҳрагирандагони лоиҳа) пас аз дастрасии тухмии хушсифат майдонҳои зағерро омода намуда, кишти онро ба роҳ монданд. Айни ҳол кишти зағер дар хоҷагиҳои осебпазири шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан ва Деваштич бо маром идома дошта, дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешавад.

Тухмии воридгардида хушсифату дорои сертификат ва серҳосил буда, ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Кишоварзони мамлакат аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастрасӣ бо тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлим мутобиқ қаноатманд гардида, тасмим гирифтаанд, ки барои таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳамеша саҳми бориз гузоранд.

Loading

X