Хабарҳо 07.02.2025 Идомаи ҷаласаҳои воқифгардонии ҷамъиятӣ дар кишвар Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” ва ҳайати комиссия дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” азназаргузаронии ҳолати кунунии лавҳаҳои иттилоотӣ, мониторинги қуттиҳои арзу муроҷиатҳо ва пурра иваз намудани маълумотҳои лавҳаҳои иттилоотӣ, ки бевосита барои арзу пешниҳодҳои баҳрагирандагони лоиҳа дар кишвар пешбинӣ гардида аст ба анҷом расонида шуд. Мутахассисони соҳа шурӯъ аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ ин иқдомро аз шаҳру ноҳияҳои пилотии вилояти Хатлон оғоз намуда, дар муҳлати муайянгардида дар вилояти Суғд ба анҷом расониданд. Имрӯзҳо мутахассисони масоили ичтимоиву экологии муассиса ва Ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо дар татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” гузаронидани маъракаҳои воқифгардонӣ оид ба механизми арзу пешниҳодҳоро миёни баҳрагирандагон ва тарафҳои ҷалбгардидаи лоиҳа дар ин сол оғоз намуданд.