Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Рафти корҳои саҳроӣ дар миқёси ҷумҳурӣ

Тухмии хушсифат ва иҷроиши дурусти агротехникаи парвариш ин кафолати серҳосилии зироатҳои кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, ҳар як кишоварз метавонад дар натиҷаи иҷроиши саривақтии корҳои мавсимии саҳроӣ аз ҳар як ваҷаб замин ҳосили баланд руёнида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ кишвар саҳмгузор бошад.

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар рафти мониторинги корҳои саҳроӣ аз Кооперативи тиҷоратии “Авесто”-и ноҳияи Қубодиён, Кооперативи истеҳсолии “Баҳор”-и ноҳияи Кушониён, хоҷагии деҳқонии “Фаррух”- и ноҳияи Дӯстӣ-и вилояти Хатлон ва хоҷагиҳои “Урунхуҷаев”-и ноҳияи Б.Ғафуров, “Исломсаркор”-и ноҳияи Спитамен, “Якатут”-и ноҳияи Ҷ.Расулов, “Пурдил”, “Шоҳҷаҳон”-и ноҳияи Зафаробод” ва “Равшанбек” -и шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дидан намуда, аз ҳолати нашъунамои зироатҳои ғалладонагӣ махсусан гандум ва корҳои саҳроӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

Соли сипаригардида кишоварзони чумҳурӣ (баҳрагирандагони лоиҳа) пас аз дастрас намудани тухмиҳои хушсифат тавонистанд аз боду ҳавои мусоиди имсола самаранок истифода намуда, сари вақт кишти зироатҳои ғалладонагӣ махсусан гандумро ба анҷом расонанд.

То ин мудат майдонҳо гандумзорро аз алафҳои бегона тоза намуда, ғизои онро сари вақт бо меъёрҳои гуногун ба заминҳо ворид намудаанд.

Айни ҳол нашъунамои зироати ғалладона дар саҳро хуб буда, кишоварзон бо риояи агротехникаи парвариш каналу ҷуйборҳои гирду атрофи майдонҳоро тоза намуда, ҳама дар ин ҳавои мусоид саргарми корҳои кишоварзӣ ҳастанд.

Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини кишоварзон бо тухмиҳои хушсифати зироатҳо ва техникаву мошинолотҳои муосири кишоварзӣ ҳавасманд гардида, кӯшиш менамоянд, ки ҳар ваҷаб замини зархези кишварамонро самаранок истифода намуда, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёранду дар таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти худӣ саҳмгузор бошанд.

Loading

X