Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

ТАҚСИМОТИ ТУХМИҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР МИҚЁСИ ҶУМҲУРӢ

Ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ пеш аз кишти зироатҳо тақсимоти тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзиро ба хоҷагиҳои тухмипарвар ва ниёзманди кишвар баргузор менамояд, то кишоварзон тавонанд сари вақт кишти зироатҳоро дар мӯҳлати муайянгардида ба анҷом расонанд.

Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ муассиса дар доираи компоненти якуми лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тухмиҳои хушсифати зағер ба миқдори 60 тонна, нахуд 120 тонна, ҷӯворимакка 130 тонна ва лаблабу 10,99 тонна ворид намуда, дастраси хоҷагиҳои ниёзманди кишовар гардонида истоданд.

Тухмиҳои воридгардида серҳосил ва ба шароити иқлими кишвар мутобиқ буда, кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) метавонанд дар натиҷаи риояи дурусти агротехникаи парвариш аз онҳо ҳосили баланд ба даст биёранд.

Кишоварзони мамлакат аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастрасӣ бо тухмиҳои хушсифати дорои сертификат ва ба шароити иқлим мутобиқ қаноатманд гардида, тасмим гирифтаанд, ки барои таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми бориз гузоранд.

Loading

X