Табрикоти директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” муҳтарам Далер Саторӣ Абдумансур бахшида ба ҷашни Сада
Гузаштагони тамаддунсозу фарҳангпарварӣ мо тоҷикон аз замонҳои дуродури таърих ҷашнҳои бузурги Наврӯз, Меҳргон ва Садаро бо риояи расму анъанаҳои куҳан бо як шукуҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил менамудаанд.
Ҷашни Сада дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои аҷдодонамон қарор дошта, пайдоиши он аз замонҳои дури таърих манша мегирад.
Истиқлолияти комили давлатӣ барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, сунатҳои бостонӣ як марҳалаи тозае касб намуда, ба онҳо умри дубора бахшидааст.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо ташаббус ва талашҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ ва расму ойинҳои сунатии бостонӣ аз нав эҳё гардида, он ҳифз карда мешавад.
Чуноне, ки Пешвои миллат дар яке аз баромадашон иброз доштаанд: «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардааст».
Оид ба таърих ва пайдоиши ҷашни Сада мутафакирони ниёгонамон аз қабили Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Манучеҳрии Донғонӣ дар яке аз «Қасидахояш», Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия», Умари Хайём дар “Наврӯзномааш”, Исфандиёру Каюмарс «Аз ёдгор мондани ҷашни Сада» ва шоири қасидасарои асри ХV Унсурии Балхӣ аз худ навиштаҷотҳои гаронбаҳое боқи гузоштаанд. Ҷашни садаро ҳамчун ҷашни ниёиши меҳру муҳаббат, дустиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат пиндоштанд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни Сада ба 30 январи солшумории мелодӣ рост омада, ба ақидаи Манучеҳрии Домғонӣ Ҷашни Сада ба даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардад.
Инчунин дар аксари сарчашмаҳои таърихию адабӣ оварда шудааст, ки ҷашни Сада бештар ба рақами сад марбуд мебошад.
Дар ин давра кишоварзон дар соҳаи растанипарварӣ ҳамаи захираҳои тухмии зироатҳоро аз назар гузаронида, техника ва мошинолоти кишоварзиро ба кишт омода менамоянд, заминҳоро бо нуриҳо таъмин намуда, онро шудгор мекунанд, заҳбуру заҳкаш ва ҷӯйборҳоро тоза менамоянд, боғу токзорҳоро ба тартиб дароварда, атрофи дарахтонро нарму нурӣ ворид менамоянд. Барои пешгирӣ аз касалию зараррасонҳо чораҳои муҳофизатӣ доир намуда, обёрии захиравӣ ва яхобмонӣ мегузаронанд.
Чорводорон бошанд тамоми омодагиҳоро барои нигоҳбину пурбаҳо хуронидани чорво, гирифтани насли солим ва парвариши он равона месозанд.
Олимону омӯзгорон дар ин давра дар асоси таҳлили истеҳсолоти кишоварзӣ семинар — омӯзишҳо бо мутахассисону деҳқонон баргузор намуда, онҳоро барои самаранок истифода намудани обу замин ва гирифтани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ роҳнамоӣ менамоянд.
Бигзор ин ҷашни бузургу пурфараҳ ба хонадони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ сиҳатмандиву сарбаландӣ, покизагиву фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзӣ, хони пурнозу неъмат, қаноатмандиву нишотро бо худ ҳамроҳ биёварад ва сулҳу субот дар ин диёри биҳиштосо то абад ҷовидона боқи бимонад.