Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Семинари омӯзишӣ оид ба ғизои солим дар миқёси кишвар бо маром идома дорад

Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солимгардонӣ ва ҳифзу нигаҳдории аҳолӣ, пайваста кӯшиш ба харҷ дода, нисбат ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва ғизои солим таваҷҷӯҳи беандоза зоҳир менамояд.

Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати ҳифзи солимии модару кӯдак, аз хориҷ ба кишвар витаминҳо ва микронутриентҳо ворид намуда, тавассути Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар намуда истодааст.

Шурӯъ аз моҳи декабри соли 2024 мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Авесто” семинарҳои омӯзиширо дар миқёси ҷумҳурӣ ба роҳ монда, тибқи нақша давра ба давра дар ҳудуди ҷумҳурӣ он амалӣ мегардад.

Рӯзҳои 27 ва 28 январи соли ҷорӣ дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони тибби оилавӣ, ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ва мутахассисони солимии репродуктивӣ аз шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш, Рашт ва Файзобод баргузор гардида истодааст.

Дар семинари омӯзишӣ олимону мутахассисони шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) тавассути презентатсия (рӯнамо) масъалаҳо оид ба истеъмоли микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ аз ҷониби гурӯҳи мақсадноки аҳолӣ аз он ҷумла занони ҳомиладор, кӯдакони синни аз 6 то 59 моҳа ва малакаҳои идоракунии онҳо, маълумоти умумї роҷеъ ба нишондиҳандаҳои асосии ғизои зани ҳомиладор ва кӯдаки навзод, арзёбии рушди ҷисмонии занҳои ҳомила, муносибатҳои нав ба арзёбии афзоиш ва инкишофи дохилибатнии ҷанин дар муассисаҳои КАТС маълумот доир ба 5 калиди бехатарии ғизо, вазъи солимии занҳои ҳомила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои стратегӣ, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ барои ҳифзи солимии зани ҳомиладор қабул шуда, аҳамияти истифодаи Сулфати оҳан ва туршии фолат дар давраи ҳомиладорӣ, камхунӣ ва таҷрибаи истифодаи иловаҳои витаминӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва натиҷаҳои он мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст.

Мақсад аз гузарондани дарсҳои омузишӣ ин баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии табибони шабакаи КАТС оиди беҳтар ва дуруст истеъмол намудани иловаҳои витаминӣ ва микронутриентҳо, гузаронидани чорабиниҳои иттилоотонӣ дар байни гурӯҳҳои мақсаднок, зарурияти истифодабарии иловаҳои витаминӣ ва микронутриентҳо, барои занони ҳомиладор ва ширдеҳ, омӯзиши тарзи ғанигардонидани маводи хӯрока бо истифодабарии хокаи минералии витаминӣ барои кӯдакони синнашон 6 то 59 моҳа мебошад.

Ҳамчунин чиҳати иҷрои фармоиши Вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзишӣ рӯзҳои наздик дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ баргузор карда мешавад.

Loading

X