Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Рақамикунонии системаи идоракунии заҳрхимикатҳо барои мубориза бар зидди малах

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати беҳтар намудани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Санаи 23 январи соли ҷорӣ ҷиҳати беҳтар намудани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах кормандони Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”, намояндагони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар якҷоягӣ бо мутахассисони Барномаи таҳкими миллӣ ва минтақавии мубориза бар зидди малах дар Қавқоз ва Осиёи Марказӣ оид ба муаррифии Системаи идоракунии заҳрхимикатҳо барои мубориза бар зидди малах (L-PMS) мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.

Дар рафти мулоқот аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Системаи идоракунии заҳрхимикатҳо барои мубориза бар зидди малах (L-PMS) пешниҳоди мутахассисони соҳа карда шуд, ки он истифодаи сарфакоронаи заҳрдоруҳоро таъмин намуда самарабахшии онро зиёд менамояд.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2023 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои дастгирии Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” 6 адад техникаҳои калонҳаҷм (трактор), 6 адад таҷҳизоти дорупошии ба трактор насбшаванда (AGROS), 1 адад автомашинаи сабукрав (RAF), 6 адад автомашинаи саҳроӣ (Pickup), 11 адад таҷҳизотҳои дорупошии ба автомашина насбшаванда, 300 адад таҷҳизоти хурди моторӣ, 300 адад таҷҳизоти хурди дастиву батареядор, 830 адад воситаҳои инфиродии муҳофизавӣ ва 35 ҳазор литр заҳрдоруҳо харидорӣ гардида, дастраси муассисаи мазкур карда шуд.

Айни ҳол муассиса тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ ин иқдомро идома дода, ҷиҳати фаъолияти назарраси муассисаи мазкур дар доираи лоиҳа барои давраи соли 2025 заҳрдоруҳо харидорӣ намуда, ба МД “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” пешниҳод намояд.

Loading

X