Омузишҳо Хабарҳо 23.01.2025 Омӯзиши ҳифзи ҳамгироёнаи растаниҳо ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) имрӯз (23.01.2025) дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» омӯзиши серӯзаро оид ба ҳифзи ҳамгироёнаи растаниҳо ба анҷом расонд. Ҳифзи ҳамгироёнаи растаниҳо стратегияи муҳими рушди устувори кишоварзӣ ва афзоиши устувории системаҳои кишоварзӣ мебошад, ки дар саросари ҷаҳон ҳамчун стратегияи муассир барои нигоҳ доштани солимии зироат эътироф гардида, як қатор усулҳои биологӣ, механикӣ ва кимиёвиро муттаҳид намуда, ба механизмҳои табиии коҳиши зарари ҳашаротҳои зараррасон, ҳифзи муҳити зист ва саломатии инсон афзалият медиҳад. Дар Тоҷикистон, ки соҳаи кишоварзӣ дар иқтисодиёт нақши муҳим дорад, ҷорӣ намудани таҷрибаҳои ҳифзи ҳамгироёнаи растаниҳо ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, коҳиш додани вобастагӣ ба пестисидҳои кимиёвии зараровар ва таъмини амнияти озуқавории дарозмуддат зарур аст. Омӯзиш, ки дар пойтахт, дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, аз як силсила презентатсияҳо (рунамо) иборат буд, ки доираи васеи мавзӯъҳои муҳимро барои татбиқи стратегияҳои ҳифзи ҳамгироёнаи растаниҳоро фаро мегирифт. Мавзӯъҳо аз ҷузъҳои асосӣ ва принсипҳои ҳифзи ҳамгироёнаи растаниҳо, намунаҳои татбиқи бомуваффақи ҳифзи ҳамгироёнаи растаниҳо дар сатҳи байналмилалӣ, равиши системавии ҳифзи ҳамгироёнаи растаниҳо ва усулҳои татбиқи ҳифзи ҳамгироёнаи растаниҳо дар хоҷагиҳо иборат буданд. Чорабинии мазкур барои мутахассисони соҳаи муҳофизати растаниҳо махсусан Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотеҳмур роҳандозӣ гардида буд. То тавонанд мутахассисон бо истифода аз технологияҳои муоссир донишу малакаи хешро боз ҳам мукаммал гардонида, дар оянда татбиқи илмро дар амал ҷорӣ намоянд. Дар фарҷом чорабинии омӯзишӣ иштирокчиён — мутахассисони соҳаро бо сертификат сарфароз гардониданд.