Мақсади ташрифи мушовири байналмилалӣ аз санаи 13 то 16 -уми январи соли ҷорӣ ҷиҳати ба роҳ мондани рақамикунонии соҳаи харитасозии замин, тавассути сармоягузорӣ ба кӯмаки техникӣ, хариди таҷҳизоти зарурӣ, таъмини барномаҳо ва рақамикунонии иттилооти харитаи замин ва хок мебошад.
Сараввал аз ҳолати кунунии озмоишгоҳҳо ва самти харитасозии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дидан намуда, сипас мулоқоти корӣ бо роҳбарияти институт ва якқатор кормандони соҳа анҷом дода шуд.