Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Мониторинги амборҳои тухмии хоҷагиҳо дар вилояти Суғд

Ҳамасола Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” пеш аз муҳлати кишти зироатҳо тухмиҳои хушсифату серҳосил ва ба шароити иқлим мутобиқро дастраси кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) менамояд, то онҳо дар анборҳои хоҷагиҳо нигоҳдорӣ карда, сари вақт кишти ин гуна зироатҳоро ба роҳ монанд.

Мутахассисони муассиса ҳафтаи ҷорӣ аз ҳолати амборҳои баҳрагирандагони лоиҳа кооперативи тиҷоратии «Чоркуҳ», «Овчи Ғончӣ», хоҷагиҳои деҳқонии «Равшанбек», «Додоев» ва «Хуҷаҳо» дар вилояти Суғд дидан намуданд. Дар қисме аз амбори хоҷагиҳо тухмиҳое, ки аз ҷониби лоиҳа дастрасгардида ва истеҳсоли хоҷагиҳо буд онҳо дар ҳарорати мутадил, алоҳида, дар ҷои хушк ва дар болои тахтаҳо (падон) нигоҳдорӣ карда шудаанд.

Хушбахтона қисми зиёди роҳбарони хоҷагиҳо тухмиҳои зироатҳои кишоварзиро дар амборҳо дуруст нигаҳдорӣ намуда, барои кишт омодагӣ дида истодаанд. Онҳо медонанд, ки дар ҳолати нодуруст нигаҳдорӣ намудани тухмӣ дар амборҳо қобиляти сабзиши он паст гардида, ҳатто ба талафёбӣ бурда мерасонад.

Он хоҷагиҳое, ки ба қоидаҳои одитарини нигаҳдории тухмӣ риоя накарда буданд аз ҷониби мутахассисони соҳа оид ба тарзи дурусти нигоҳдорӣ тавсия ва пешниҳодҳои муфид дода шуд.

Loading

X