Табрикоти директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” муҳтарам Далер Саторӣ бахшида ба Соли нави мелодӣ
Бо камоли шодмонию сарфарозӣ ҳамаи Шумо кормандон ва мардуми шарифи Тоҷикистони азизро бо фарорасии Соли нави мелодии 2025 самимона табрик менамоям.
Дар соле, ки сипарӣ мешавад, мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагиро дар доираи омодагӣ ба Ҷашни сазовори 35 — солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат дода, ба комёбиҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гаштанд, ки он барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Инчунии корҳои ободониву сабзу хуррамгардонӣ, афзоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ, сохта ба истифода додани садҳо иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои муассисаю ташкилотҳо татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистонро боз ҳам наздик овардааст.
Баргузор гардидани чорабиниҳои сатҳи баланди минтақавию байналмилалӣ дар пойтахти Ватани азизамон – шаҳри Душанбе, иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронсҳои дохил ва хориҷи кишвар ва дигар чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ нуфузу эътибори давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштанд.
Боварии комил дорем, ки солҳои минбаъда низ, бахусус дар доираи омодагӣ ба Ҷашни сазовори 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифи тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегарданд.
Бигузор Соли нави 2025 барои тамоми тоҷикону тоҷикистониён соли пурбарору дастовардҳои нав ба нав, соли амалӣ гаштани ниятҳои неки инсонӣ, соли тараққиёту пешрафт гардад. Инчунин барои ҳар яки Шумо ҳамкорони азиз фаъолияти пурбор, баракати рӯзгор, татбиқи орзуҳои беканор ва барои Ватани азизамон соли шукуфоиву расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва пурфайзу бобарор гардад.
Бигзор ҳамеша сиҳатманду саодатманд, хонаободу осуда ва комёбу пирӯз бошед.