Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Мулоқоти корӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш”

Санаи 18 декабр соли ҷорӣ ҷиҳати вусъат додани корҳои тарғиботӣ ва расонидани хизматрасониҳои машваратӣ оид ба “Механизми баррасии арзу шикоятҳо” ва гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ оид ба фаъолияти лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар толори муассиса бо Ташкилоти ҷамъиятии «Умедбахш» мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳо оид ба татбиқ ва шаффофияти фаъолияти лоиҳа, ҷиҳати иҷрои кор ва рафъи мушкилоти мавҷуда, қабул ва баррасии саривақтии аризаҳо, шикоятҳо ва пешниҳодҳои фермерон, аъзоёни ҷамоатҳо ва коллективҳое, ки гирандаи кӯмак аз лоиҳа (баҳрагирандагон) мебошад, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” ба роҳбарияти муассиса ҷадвали корӣ тибқи супориши техникӣ ва методологияи пешбарии хизматрасонии машваратӣ дар татбиқи лоиҳа дар 60 ноҳияҳои пилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Loading

X