Хабарҳо 05.12.2024 Корҳои таъмирию бозсозӣ дар бинои анбори “Стансияи навъсанҷӣ” — и МД “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ” дар ш.Панҷакент “Стансияи навъсанҷӣ”-и Муассисаи давлатии “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ” дар ш.Панҷакент солиёни зиёд фаъолияти пурсамар дошта, барои рушди соҳаи тахмипарварии кишвар саҳмгузор мебошад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” амбори “Стансияи навъсанҷӣ”-и Муассисаи давлатии “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ” дар ш.Панҷакентро, ки ба таъмири асосӣ ниёз дошт пурра таъмиру азнавсозӣ намуда, мавриди истифадабарӣ қарор дода шуд. Муассиса дар доираи компоненти якуми лоиҳа намои пурраи беруна ва дохилаи амборро, ки барои нигаҳдории тухмиҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ пешбинӣ шудааст дар масоҳати 500 метри мурабаъ бо сифати баланди муоссир таъмиру азнавсозӣ намуд, ки барои кормандони стансия шароити хуби корӣ муҳаё гардид. Ҳамчунин болопӯши амбор, ки солиёни зиёд кӯҳнаву фарсуда гардида буданд дар масоҳати 177 метри мурабба бо сифати хуб пурра азнавсозӣ гардида, дарвозаи амбор низ иваз карда шуд. Ҳамчунин дар дохили амбор барои омехта нашудани тухмиҳои гуногуни зироатҳо деворҳо бо баландии 1,2 метр бардошта, дар он дарвозаҳои хурд насб карда шуд.