Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Мониторинги корҳои саҳроӣ дар вилояти Хатлон

Тухмии хушсифат кафолати серҳосилии зироат ба ҳисоб рафта, дар ҳолати риояи агротехникаи парвариш ҳосилнокии он дучанд меафзояд.

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар рафти мониторинги корҳои саҳроӣ аз ҳолати нашъунамои зироатҳои ғалладонагӣ махсусан гандум аз Кооперативи тиҷоратии “Авесто”-и ноҳияи Қубодиён, Кооперативи истеҳсолии “Баҳор”-и ноҳияи Кушониён, хоҷагии деҳқонии “Фаррух”-и ноҳияи Дӯстӣ ва дигар хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.

Кишоварзони вилоят (баҳрагирандагони лоиҳа) пас аз дастрас намудани тухмиҳои хушсифат тавонистанд аз боду ҳавои мусоиди имсола самаранок истифода намуда, сари вақт кишти зироатҳои ғалладонагӣ махсусан гандумро ба анҷом расонанд.

Соли ҷорӣ хоҷагиҳои тухмипарвар ва ниёзмани вилоят дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тухмии элитаи навъҳои Алексеич ва Тимирязевка 150-ро дастрас намуда, дар мӯҳлати муайян сари вақт кишти онро ба роҳ монданд.

Айни ҳол нашъунамои зироати ғалладона дар саҳро хуб буда, кишоварзон бо риояи агротехникаи парвариш каналу ҷуйборҳои гирду атрофи майдонҳоро тоза намуда, саргарми корҳои кишоварзӣ ҳастанд.

Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат (баҳрагирандагони лоиҳа) аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини кишоварзон бо тухмиҳои хушсифати зироатҳо ва техникаву мошинолотҳои муосири кишоварзӣ ҳавасманд гардида, кӯшиш менамоянд, ки ҳар ваҷаб замини зархези кишварамонро самаранок истифода намуда, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёранду дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳмгузор бошанд.

Loading

X