Хабарҳо 28.11.2024 Ҷаласаи ҷамъиятӣ ҳангоми банақшагирӣ ва иҷроиши корҳои сохтмонӣ дар вилояти Суғд Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аҳолиро бо озуқа, саноатро бо ашёи хом ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардумро таъмин менамояд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” биноҳои муассисаҳои илмии зертобеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро давра ба давра аз таъмири копиталӣ бароварда мавриди истифода қарор медиҳад. Муҳандисон ва мутахассисони масоили экологӣ ва иҷтимоии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” аз санаи 25.11 то 27 уми ноябри соли ҷорӣ бинои муассиса ва пойгоҳҳои илмии зертобеи Вазорати кишоварзӣ ва АИКТ махсусан КВД “Навҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Пойгоҳи Сомғори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ дар ноҳияи Б.Ғафуров, Пойгоҳи Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ дар ноҳияи Ашт ва Филиали Институти зироаткорӣ дар в.Суғд, ки таъмири он дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” амалӣ мегардад дидан намуданд. Дар рафти аз назаргузаронӣ мутахассисони соҳа бо иштироки коргароне, ки ба корҳои сохтмониву таъмирӣ ҷалб мегарданд ё дар он корхона фаъолият доранд ҷаласаи ҷамъиятӣ баргузор карда шуд. Сипас дар рафти ҷаласа мутахассисони соҳа ҷиҳати иҷроиши нақшаи идоракунии муҳити зист бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои тарафҳои манфиатдор, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, ҳамчунин тибқи талаботи стандартҳои экологию иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ, риояи ҳолатҳои беҳдоштиву санитарӣ ва техникаи бехатарӣ ҳангоми иҷроиши корҳои сохтмонӣ ва иҷроиши талаботи меъёрҳои амалкунандаи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмон маълумотҳои муфассалро пешкаши ҳозирин гардониданд. Ҳамчунин дар ҷаласа баррасии механизми арзу шикоятҳо мавриди муҳокима қарор гирифта, пеш аз ҳама оид ба сари вақт таъмини кормандон бо либоси корӣ, хӯроки гарм, музди меҳнат ва сари вақт дар муҳлатҳои муаяйгардида бо сифати баланд ба анҷом расидани корҳои ба нақшагирифташуда тавсияҳои судманд пешниҳод карда шуд.