Хабарҳо 26.11.2024 Тақвият додани самти муҳофизати растаниҳо дар кишварМуассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи зеркомпоненти 3.3-и лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати таҳкими иқтидори муассисаҳои ҳифзи растаниҳо ва мубориза бар зидди малах пешбинӣ гардида, дар он чораҳои мубориза бо ҳашароти зараррасон, аз ҷумла ташкили озмоишгоҳҳои биологӣ, инчунин сармоягузорӣ ба заминаи моддию техникӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрии ҷавонони муассисаҳои давлатӣ, ки барои ҳифзи растаниҳо ва мубориза бо малах масъуланд, аз ҷумла таҷҳизот, мавод ва омӯзиши кормандон ба нақша гирифта шудааст.Дар ин замина рӯзҳои 18 — 27 ноябри соли ҷорӣ сафари хизматии мушовири байналмилалӣ профессор доктор Ҷозеф Киш – Сардори шуъбаи муҳофизати растании интегратсионии Донишгоҳи аграрии Венгрия ва Институти “Омузиши ҳаёт ва муҳофизати растаниҳо”, аъзои намоёни академияи кишоварзони Фаронса идома дорад.Тибқи Барномаи миссия ҷиҳати баҳодиҳии ҳолати воқеии озмоишгоҳҳои биологӣ, муҳофизати растаниҳо, мубориза бо ҳашаротҳои зараррасон ва боз ҳам баланд бардоштани потенсиали кормандони ҷавони Муассисаи “Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ” якчанд вохӯриҳо бо мутахассисон ва шахсони масъули Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ДАТ, АИКТ, Институти боғу токпарварӣ, Институти зироаткорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии дар самти ҳифзӣ муҳити зист фаъолият дошта, Ассосиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонӣ, ва бахши хусусӣ баргузор карда шуд.Ҳамзамон ба филиалҳои Муассисаи давлатии “Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ” дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин озмоишгоҳҳои биологии Ҷамоатҳои деҳоти “Панҷ”-и ноҳияи Дустӣ ва Ҷамоати деҳоти “Эшбек Сатторов”-и ноҳияи Ҷайҳун, бо бахши хусусӣ ҶДММ “Маркази биометод Кишоварз” дар ноҳияи Ҷ. Расулов сафари корӣ ба анҷом расонида, ҷиҳати бо усулҳои муоссир ба роҳ мондани фаъолияти минбаъда бо мутахассисон ва хоҷагидорон вохӯриҳо гузаронида, тавсияҳои илман асоснок пешниҳод карда шуд.Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳа сохтмон ва муҷаҳазгардонии озмоишгоҳҳои биологӣ дар муассисаҳои давлатии кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст.